Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Сино, дар ташкилоти ибтидоии “Саратоншинос” ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо ҲХДТ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба ифтихори 30-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиши мазкур, аз ҷумла Ҳабибзода Зоҳир Иззат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, ва Муродзода Акбар Исматулло, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва профессор Сангинов Ҷ.Р., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки соли 1993 бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ғояи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Бо қарорҳои Анҷумани муассисон, рӯзи 10 декабри соли 1994 расман Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт ва Оиннома ва Барномаи он тасдиқ шуданд. Аз он замон инҷониб, 10 декабр ҳамчун рӯзи таъсисёбии ҳизб ҳамасола таҷлил мегардад.
Дар ҷараёни ҳамоиш қайд гардид, ки дар тӯли 30 соли фаъолияташ ҲХДТ ба созандагӣ ва бунёдкорӣ бахшида шуда, дар таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда гузоштааст.
6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад. Имрӯз дар маҷлиси пагоҳирӯзӣ, бахшида ба 30-солагии Рӯзи Конститутсия, чорабинии махсус баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур суханронҳо дар бораи нақши Конститутсия дар таҳкими асосҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини суботи ҷомеа изҳори назар карданд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Конститутсияро барҳақ бахтномаи миллат меноманд, зеро он ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, риояву эҳтироми муқаррароти он замонати саодату сарбаландии миллат аст
Директори марказ Муродзода А.И., кормандонро ба ин санаи муҳим табрику муборакбод намуда, зикр доштанд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбуб дар фазои сулҳу суботи комил ҷашнҳои миллию давлатии хешро баргузор намоянд ва ба забони аҷдодии хеш арҷ гузошта аз он ифтихор намоянд. Дар идомаи суханронӣ роҳбарияти марказ атрофи таърихи забони тоҷикӣ, ки аз гирудорҳои таърихӣ гузашта то ба имрӯз омада расидааст ва бевосита пойдевори мустаҳками Истиқлоли давлатӣ мебошад, ибрози ақида намуданд.
Ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон Ҷамолиддин Абдулло Абдуллозода
Муродзода Акбар Исматулло Директор д.м.н.
Министерство здравоохраненияи социальной защиты населенияРеспублики Таджикистан