Ҳамкорони муҳтарам!
Кумитаи тадорукот Шуморо ба иштирок дар кори I Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд, ки санаи 16 октябри 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Анҷуман ба бузургтарин майдони миллии муҳокимаи масъалаҳои мубрами ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои онкологӣ, табобати нурӣ ва усулҳои муосири тасвири тиббӣ табдил меёбад.
Шакли баргузорӣ
- Иштироки ҳузурӣ (ш. Душанбе)
- Иштироки фосилавӣ (онлайн)
Шаклҳои иштирок
- Нашри тезисҳо
- Нашри тезисҳо ва маърӯзаи шифоҳӣ
Забонҳои корӣ
- Тоҷикӣ
- Русӣ
- Англисӣ
Нашри мавод
Тезисҳои иштирокчиён дар замимаи махсуси маҷаллаи «Онкологияи Тоҷикистон» нашр мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои Анҷуман маҷмӯаи электронии мавод омода карда мешавад.
Барои иштирок даъват мешаванд
- Омӯзгорони муассисаҳои олии тиббӣ
- Кормандони илмӣ
- Докторантон ва аспирантон
- Довталабони дараҷаҳои илмӣ
- Духтурони амалкунанда
- Мутахассисони соҳаи онкология ва радиология
Санаҳои муҳим
- 01 сентябри 2026 — анҷоми қабули тезисҳо
- 15 сентябри 2026 — анҷоми бақайдгирии иштирокчиён
- 16 октябри 2026 — баргузории Анҷуман
