Марҳилаҳои асосии таҳия, ҷорӣ ва такмили Низоми иттилоотӣ-таҳлилии «Феҳристи миллии омосҳои бадсифат»
Таҳияи низом моҳи сентябри соли 2025 бо ташаббуси роҳбарияти муассиса оғоз гардид. Амалисозии лоиҳа ба уҳдаи барномасози ватанӣ Абдуллозода Нусратулло Ҳандулло вогузор карда шуд.
Версияи ибтидоии система (1.0) моҳи декабри соли 2025 омода гардида, барои санҷиши аввалия пешниҳод карда шуд.
Оғози омӯзиши расмии кор бо система. Дар марҳилаи аввал 5 нафар мутахассис ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Тибқи фармоиши роҳбарияти муассиса, низом ба таври санҷишӣ (пилотӣ) ҷорӣ гардида, бақайдгирии беморон расман оғоз шуд.
Маълумоти беморони соли 2025 ба низом ворид карда шуд.
Семинарҳои омӯзишӣ ба таври марҳилавӣ баргузор гардиданд. Дар ин давра зиёда аз 40 нафар мутахассисон омӯзонида шуда, соҳиби сертификат гардиданд.
Версияи такмилёфтаи низом ЗИ 2.3 бо муваффақият ҷорӣ гардид.
НИТ ФМОБ 20.04.2026 таҳти № 1762600573 ба
Феҳристи давлатии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дохил карда шуд.
Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ
аз ҷониби МД «Маркази миллии патенту иттилоот» дода шудааст.
Навсозии навбатии НИТ ФМОБ ба версияи 2.4 (5) анҷом дода шуд. Дар доираи ин марҳила имкониятҳои функсионалӣ, оморӣ ва таҳлилии низом васеъ гардида, интерфейс ва суръати фаъолияти он такмил дода шуданд.
Навсозии версияи 2.4 (5) марҳилаи навбатии рушди НИТ ФМОБ буда, ба баланд бардоштани самаранокии бақайдгирии рақамӣ, таҳлил ва мониторинги бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Бо мақсади татбиқи самараноки низом, тибқи фармоиши расмӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.
Дар раванди омӯзиш масъалаҳои муҳим, аз ҷумла:
Семинарҳои омӯзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва таъмини истифодаи дурусти низом равона гардида буданд.
Ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон Ҷамолиддин Абдулло Абдуллозода
Муродзода Акбар Исматулло Директор д.м.н.
Министерство здравоохраненияи социальной защиты населения Республики Таджикистан