ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ: АЗ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАККУЛИ НАВИНИ ИНСОНГАРОИИ ТИББӢ
Дар ҷаҳони муосир, ки рақобати давлатҳо бештар хусусияти маърифативу фарҳангӣ касб намудааст, нақши шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва тамаддунӣ аҳаммияти махсус дорад. Дар ин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 майи соли 2026 дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми муҳимми маърифатӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Ин ҷоиза гувоҳи он аст, ки давлат мероси илмии худро ҳамчун неруи зиндаи рушди ҷомеа ва омили бунёди оянда арзёбӣ менамояд. Таъсиси он дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи камолоти давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва рушди маърифат мебошад.
Ҷоизаи мазкур пайванди маънавии гузашта, имрӯз ва ояндаро таҷассум намуда, хотираи таърихиро ба манбаи неруи созандаи фардо табдил медиҳад. Аз нуқтаи назари фалсафаи таърих, ҷомеа танҳо дар сурате метавонад ояндаи худро бунёд намояд, ки миёни мероси гузашта ва ормонҳои оянда робитаи созанда барқарор созад.
Абӯалӣ ибни Сино аз ҷумлаи нобиғаҳои нодири башарист, ки осори ӯ аз доираи як миллат фаротар рафта, ба мероси умумии инсоният табдил ёфтааст. Асарҳои машҳури ӯ, аз ҷумла «Ал-Қонун фи-т-тиб», «Китоб аш-Шифо», «Ан-Наҷот» ва «Ал-Ишорот ва-т-танбиҳот» дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди илми тиб нақши муҳим бозидаанд.
Бузургии Ибни Сино танҳо дар донишҳои тиббии ӯ нест. Ӯ инсонро ҳамчун ваҳдати ҷисм, ақл ва рӯҳ арзёбӣ намуда, бемориро вайроншавии тавозуни умумии вуҷуди инсон медонист. Ин ҷаҳонбинӣ имрӯз низ дар меҳвари назарияҳои тибби ҳамгиро қарор дорад ва ӯро ба рамзи инсонгароии тиббӣ табдил додааст.
Дар муҳити илмӣ масъалаи омӯзиши мероси Ибни Сино аҳаммияти махсус дорад. Дар ин самт таҳқиқоти олимони тоҷик, аз ҷумла пажӯҳиши Далер Комилов таҳти унвони «Синошиносӣ дар Тоҷикистон дар асри XX ва ибтидои асри XXI», барои арзёбии воқеъбинонаи мақоми Ибни Сино саҳми арзишманд гузоштааст.
Ҷоизаҳо на танҳо воситаи қадршиносӣ, балки механизми ташаккули арзишҳои ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино паёми муҳим дорад: илм бояд пеш аз ҳама дар хизмати инсон қарор дошта бошад ва арзиши дониш бо манфиати он барои ҷомеа муайян гардад.
Дар шароити рушди босуръати технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, муҳандисии генетикӣ ва тибби рақамӣ, масъалаҳои ахлоқии илм аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Таърих нишон додааст, ки дониш бе масъулият метавонад ба оқибатҳои номатлуб оварда расонад. Аз ин рӯ, ҷоиза ба эҳёи мафҳуми виҷдони илмӣ ва масъулияти ахлоқии муҳаққиқ мусоидат менамояд.
Дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир илм ва фарҳанг ба абзорҳои муҳими «қудрати нарм» табдил ёфтаанд. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун маркази муколамаи илмӣ ва маърифатӣ таҳким бахшад, олимони кишварҳои гуногунро муттаҳид созад ва барои рушди ҳамкории байналмилалӣ замина фароҳам оварад.
Аҳаммияти ин ҷоиза махсусан дар асри XXI бештар эҳсос мешавад. Пешрафтҳои илмӣ дар баробари имкониятҳои бузург масъалаҳои ҷиддии ахлоқиро низ ба миён меоранд. Дар чунин шароит андешаҳои инсонгароёнаи Ибни Сино аҳаммияти нав пайдо намуда, хотиррасон месозанд, ки дониш бояд барои ҳифзи ҳаёт, шаъну каромат ва рушди инсон хизмат намояд.
Аз ин рӯ, Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад ба яке аз марказҳои ташаккули фарҳанги нави ахлоқии тиб табдил ёбад, ки дар меҳвари он эҳтиром ба инсон, адолати иҷтимоӣ, масъулияти илмӣ ва ҳамбастагии дониш бо инсондӯстӣ қарор доранд.
Таъсиси ин ҷоиза ҳамзамон шакли эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳифзи мероси маънавии миллат мебошад. Миллате, ки аз сарчашмаҳои фарҳангии худ дур мешавад, қобилияти офаридани маъно ва бунёди ояндаро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, ин ҷоиза ба ҷаҳониён хотиррасон мекунад, ки Ибни Сино на танҳо шахсияти таърихӣ, балки роҳнамои ахлоқии ҷомеаи муосир низ мебошад.
Ин иқдом метавонад оғози марҳилаи нави эҳёи маърифатии Тоҷикистон гардад. Дар шароити муосир сарвати воқеии давлат иқтидори илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии он мебошад. Ҷоизаи мазкур ба таҳкими худшиносии миллӣ, рушди рақобатпазирии илмӣ ва тақвияти масъулияти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 №1180 дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб яке аз муҳимтарин иқдомҳои фарҳангӣ ва маърифатии даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат Тоҷикистон тавонистааст мероси илмӣ ва фарҳангии худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Дар маҷмӯъ, аҳаммияти ин ҷоиза дар эҳёи мероси илмии Ибни Сино, таҳкими ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон, рушди арзишҳои инсонгароии тиббӣ, тақвияти масъулияти ахлоқии илм ва густариши ҳамкории байналмилалӣ зоҳир мегардад.
Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб рамзи пайванди хотираи таърихӣ, масъулияти имрӯз ва умеди фардо мебошад. Он нишон медиҳад, ки илм бояд бо ахлоқ, дониш бо масъулият ва пешрафт бо инсонгароӣ ҳамқадам бошад. Маҳз дар ҳамин арзишҳо аҳаммияти фарҳангӣ, ахлоқӣ ва тамаддунии ин ҷоиза таҷассум меёбад.
Муродзода Акбар Исматулло – Директори МД МҶИС –




