ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МД «МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИИ САРАТОНШИНОСӢ»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти муассиса ҳозирин ва меҳмононро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлол барои миллати тоҷик неъмати бузурги таърихӣ ва сарвати бебаҳои миллӣ мебошад. Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи мустақили рушду пешрафтро интихоб намуда, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Ҳабибзода Зоҳир Иззат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.
Зикр гардид, ки Истиқлол бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ва заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободонии кишвар, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мавқеи сазовори худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Сипас сардори раёсати тарбияи ватандӯстии Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмудзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт.
Ӯ таъкид намуд, ки тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди Ватан аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад. Хусусан ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи даврони истиқлол самаранок истифода намуда, бо дониш, ташаббускорӣ ва меҳнати созанда дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Дар идома роҳбари Дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода бо суханони табрикӣ баромад намуда, Истиқлоли давлатиро барои насли ҷавон ҳамчун заминаи муҳими худшиносӣ, худогоҳӣ, таҳсилу донишомӯзӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ саҳми кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва татбиқи ҳадафҳои иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки кормандони соҳаи тандурустӣ бо фаъолияти софдилона, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва рушди соҳаи тиб саҳми арзанда мегузоранд. Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» низ дар ин самт фаъолияти пурсамар дошта, барои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пайваста кӯшиш менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорони соҳа, табибон ва кормандони фаъоли муассиса барои меҳнати содиқона, фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ ва фаъолияти муассиса сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Чорабинии идона дар фазои баланди тантанавӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баргузор гардида, иштирокчиён 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ҳамчун марҳилаи муҳими таърихи навини давлатдорӣ арҷгузорӣ намуданд.
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ барои мардуми Тоҷикистон сарчашмаи ифтихор ва заминаи рушди устувори кишвар буда, ҳар як шаҳрванди мамлакатро ба меҳнати созанда, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Ватани маҳбуб ҳидоят менамояд.






























