ONCO


Ҳайати Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии онкологии «Шабҳои сафед – 2026» иштирок намуд

Ҳайати Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори муассиса Муродзода Акбар Исматулло дар Форуми байналмилалии онкологии «Шабҳои сафед – 2026», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд. Форум яке аз бузургтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи онкология буда, олимон, мутахассисони варзидаи соҳаи саратоншиносӣ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва тиббӣ, инчунин намояндагони мақомоти тандурустии кишварҳои гуногуни ҷаҳонро ба ҳам овард.

Дар доираи форум мулоқоти расмии директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Акбар Исматулло бо директори Муассисаи федералии давлатии буҷетии «Маркази миллии таҳқиқоти тиббии онкология ба номи Н.Н. Петров»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, академики Академияи илмҳои Россия Алексей Михайлович Беляев баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, такмили хизматрасонии онкологӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат, рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи мулоқот байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи федералии давлатии буҷетии «Маркази миллии таҳқиқоти тиббии онкология ба номи Н.Н. Петров»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкур барои роҳандозии шарикии дарозмуддати стратегӣ байни ду муассисаи пешбари онкологӣ заминаи устувор фароҳам оварда, ҳамкории муштаракро дар самтҳои рушди хизмати онкологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ, мубодилаи таҷриба ва мутахассисон, татбиқи барномаҳои таълимӣ, ташкили такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ, баргузории конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва таҳқиқоти клиникӣ, инчунин таъсис ва такмили феҳристи популятсионии саратони аҳолӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ менамояд.

Ба имзо расидани созишномаи мазкур қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи онкология ба ҳисоб меравад. Татбиқи чорабиниҳои муштарак ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхису табобат, баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии онкологӣ, рушди иқтидори илмӣ, такмили омодасозии мутахассисон ва беҳтар гардидани сифати ёрии махсусгардонидашудаи онкологӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими форум ба директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Акбар Исматулло супоридани медали ёдбуди ба номи Николай Павлович Напалков гардид. Ин мукофоти ифтихорӣ барои саҳми арзандаи ӯ дар рушди хизмати онкологӣ, илми тиб, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди шарикии касбӣ дар соҳаи онкология тақдим карда шуд.

Дар анҷоми форум директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Акбар Исматулло роҳбарони муассисаҳои пешбари онкологӣ, сармутахассисони соҳаи онкологияи Федератсияи Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои иштирок дар Анҷумани якуми онкологҳо ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуд.

Иштироки ҳайати Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ дар Форуми байналмилалии онкологии «Шабҳои сафед – 2026» ва ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ қадами муҳими навбатӣ дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар низоми расонидани ёрии онкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.