ONCO


Аёдати бузургони миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар Оромгоҳи Лучоб

Имрӯз роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ҷиҳати арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии фарзандони барӯманди миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Оромгоҳи Лучоб ташриф оварданд.

Ин иқдоми наҷиб ва инсондӯстона дар доираи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба гиромидошти хотираи фарзандони фарзонаи миллат, таҳкими эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърихи пурғановати миллӣ ва пос доштани арзишҳои маънавию фарҳангии халқ мусоидати муассир менамояд.

Ҳадафи ин иқдом эҳтиром ва гиромидошти хотираи шахсиятҳои таърихии Тоҷикистон, инчунин пос доштани арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ мебошад.

Нусратулло Махсум яке аз роҳбарони аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсии кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур аз муборизони фаъоли роҳи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҷомеа хизматҳои арзишманд анҷом додааст.

Нисор Муҳаммад низ ҳамчун шахсияти маъруф дар таърихи кишвар бо фаъолияти ҷамъиятӣ ва саҳми худ дар пешрафти ҷомеа мақоми шоиста дорад.

Оромгоҳи Лучоб яке аз маконҳои муқаддас ва таърихии пойтахт ба шумор рафта, оромгоҳи бисёре аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсиву фарҳангии кишвар мебошад. Аёдати чунин маконҳо нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва қаҳрамонони миллат маҳсуб меёбад.

Ғояи асосии ин иқдом арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургони миллат, ҳифзи хотираи таърихӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон, мебошад.