Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус аз 22 то 24 апрели соли 2026 Анҷумани XV онкологон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё баргузор гардид.
Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, намояндагони соҳаи онкологияи кишвар бо як қатор маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Дар доираи анҷуман директори Марказ Муродзода А. И. бо маърӯзаи муфассал баромад намуда, дастовардҳои муҳими хадамоти онкологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Дар маърӯза татбиқи усулҳои муосири табобат, аз ҷумла ҷарроҳиҳои каминвазивӣ, ки дар онҳо ҳаҷми амалиёти ҷарроҳии банақшагирифташуда бе осеби ҷиддӣ анҷом дода шуда, давраи барқароршавӣ дар муҳлати кӯтоҳ сурат мегирад, махсус таъкид гардид.
Таваҷҷуҳи махсус ба дастоварди муҳим — қабули Барномаи давлатии пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 равона гардид, ки ҳадафи он такмили низоми ташхиси барвақтӣ, табобат ва паст намудани сатҳи фавт аз бемориҳои саратонӣ мебошад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими сафар ба имзо расидани Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти ташхис ва табобат байни муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус буд. Ҳуҷҷати мазкур густариши ҳамкориҳои илмиву амалӣ, табодули таҷриба байни мутахассисон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат, инчунин рушди барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҷрибаомӯзиро пешбинӣ менамояд.
Лаҳзаи муҳими анҷуман тақдими Номаи сипос аз ҷониби Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба директори Марказ Муродзода Акбар Исматулло гардид. Мукофоти мазкур барои саҳми назаррас дар рушди хадамоти онкологӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъолона дар фаъолияти ҷомеаи касбӣ тақдим карда шуд.








