ONCO


Шӯъбаи саратоншиносии торако-абдоминалӣ

Шӯъбаи саратоншиносии торако-абдоминалии МД “МҶИС” ВТ ва ҲИА ҶТ маркази пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар табобати ҷарроҳӣ ва комбинатсионии омосҳои бадсифати узвҳои қафаси сина ва шикам тахассус дорад. Таҷрибаи бисёрсола, дастаи баландихтисос ва технологияҳои пешрафта ба мо имкон медиҳанд, ки ёрии тиббиро дар сатҳи баландтарин, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ аст, расонем. Самтҳои асосии фаъолият:

  • омосҳои узвҳои ҳозима
  • омосҳои ҷигар
  • омосҳои ғадуди зери меъда
  • омосҳои шуш
  • омосҳои трахея
  • омосҳои миёндевора
  • омосҳои сурхрӯда ва гузаргоҳи кардиоэзофагеалӣ
  • табобати метастазҳо дар шуш
  • табобати омосҳои плевра ва сифоқпарда (перитонеум)

Намудҳои асосии ҷарроҳи: Мудохилаҳои абдоминалӣ:

  • Гастрэктомияи ҳифзи сипурч бо лимфодиссексияи D2 ва вариантҳои гуногуни еюногастропластика.
  • Резексияи проксималӣ ва дисталии меъда бо лимфодиссексияи D2.
  • Резексияи субтоталии сурхрӯда бо пластикаи пояи меъда ва лимфодиссексия.
  • Резексияи лапароскопии меъда бо лимфодиссексияи D2.
  • Амалиёти лапароскопӣ дар ҷигар ва ғадуди зери меъда, аз ҷумла резексияҳо ва дигар мудохилаҳо.
  • Резексияи ҷигар ва гемигепатэктомия.
  • Резексияи гастропанкреатодуоденалӣ.
  • Резексияи дисталии субтоталии ғадуди зери меъда.
  • Бартараф кардани омосҳои венаи поёнии холӣ бо пластика.
  • Бартараф кардани омосҳои ибтидоӣ ва такрории паси сифоқпарда, омосҳои стромалии гастроинтестиналӣ ва омосҳои ғадуди болои гурда, аз ҷумла амалиёти лапароскопӣ.
  • Мудохилаҳои ҷарроҳии комбинатсионӣ бо бартараф кардани яквақтаи якчанд узвҳо, аз ҷумла резексия ва пластикаи рагҳои магистралии хунгард.
  • Табобат бо усули PIPAC (Pressurized Intraperitoneal Aerosol Chemotherapy) барои омосҳои сифоқпарда.

Ҷарроҳии торакалӣ:

  • Бартараф кардани қисми шуш бо видеоторакоскопӣ ва кушода: резексияи сублобарӣ, лобэктомия, билобэктомия, пневмонэктомия бо резексияи даврии бифуркатсияи трахея, лимфодиссексия.
  • Ҷарроҳии видеоторакоскопӣ ва кушода дар плевра (резексияҳо, плеврэктомия) дар равандҳои бадсифат.
  • Ҷарроҳии видеоторакоскопӣ ва кушода барои бартараф кардани омосҳои миёнасина, аз ҷумла тимомаҳо, кистаҳои эхинококкӣ, кистаҳои бронхогенӣ, невриномаҳо, саркомаҳо, омосҳои герминогенӣ.
  • Амалиёт дар трахея дар омосҳо ва стенозҳои захмӣ: резексияи даврии трахея, трахеопластика.
  • Резексияи венаи поёнии холӣ дар омосҳо бо пластикаи минбаъда.
  • Амалиёти торакоскопӣ ва кушода ҳангоми саратони сурхрӯда бо пластикаияквақтаи сурхрӯда бо пояи меъда ё рӯдаи ғафс.
  • Резексияи девори қафаси сина дар омосҳо ва метастазҳо (дар қабурғаҳо, апертураи болоӣ).