ONCO


Дар МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

26 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ» бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – кафили рушди давлат ва ҷомеа» чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, олимон, омӯзгорон, табибон ва кормандони муассиса баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас тибқи барномаи тасдиқшуда идома ёфт.

Дар идомаи ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ» Муродзода А.И. иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, маҳз ба шарофати сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди миллӣ имрӯз кишвари азизи мо дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гардидааст.

Дар суханронии худ роҳбари муассиса махсус қайд намуд, ки таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Бо сиёсати хирадмандона, дурандешона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат мардуми Тоҷикистон тавонистанд оқибатҳои низои шаҳрвандиро паси сар намуда, ваҳдати миллиро таҳким бахшанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод фароҳам оваранд. Таъкид гардид, ки имрӯз низ таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Зикр карда шуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, оғози марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон гардида, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, маориф ва тандурустӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Дар суханронӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар фазои сулҳу оромӣ имконияти рушди босуръат пайдо намуда, муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, усулҳои нави ташхису табобат ҷорӣ карда мешаванд. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ» низ фаъолияти худро дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди илм ва омодасозии мутахассисони баландихтисос идома медиҳад.

Дар идомаи чорабинӣ профессори кафедраи онкологияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», доктори илмҳои тиб, профессор Ҷ.Р. Сангинов дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯза намуда, иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ омили асосии таҳкими давлатдорӣ, рушди илм, маориф ва тандурустӣ буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Дар доираи чорабинӣ инчунин навори кӯтоҳ оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиён аз барномаи фарҳангӣ иборат аз сурудҳои ватандӯстона баҳравар гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҳифзу таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоношиносӣ» минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият барои рушди соҳаи тандурустӣ, пешрафти илми тиб, татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Чорабинӣ бо суратгирии хотиравии иштирокчиён ба анҷом расид.