НИТ ФМОБ ҳамчун низоми иттилоотӣ-таҳлилии соҳавӣ бо муваффақият аз қайди давлатӣ гузашт.
Низоми иттилоотӣ-таҳлилии «Феҳристи миллии омосҳои бадсифат» (НИТ ФМОБ) ҳамчун низоми иттилоотӣ-таҳлилии соҳавӣ бо муваффақият аз қайди давлатӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид.
НИТ ФМОБ дар санаи 20.04.2026 таҳти № 1762600573 ба Феҳристи давлатии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ аз ҷониби МД “Маркази миллии патенту иттилоот” дода шудааст.
Ин дастовард марҳилаи муҳими рушди низом ба ҳисоб рафта, эътимоднокӣ, амният ва мақоми ҳуқуқии онро дар сатҳи давлатӣ тақвият мебахшад.
Низоми иттилоотӣ-таҳлилии «Феҳристи миллии омосҳои бадсифат» (НИТ ФМОБ) як низоми ягонаи рақамӣ мебошад, ки барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил ва идоракунии маълумотҳои марбут ба бемориҳои омосҳои бадсифат таҳия гардидааст.
Низом ба муассисаҳои тиббӣ имкон медиҳад, ки маълумоти беморонро ба таври электронӣ сабт намуда, равандҳои ташхис, табобат ва назоратро ба шакли муосир ва мутамарказ амалӣ намоянд.
Ҳамзамон, он ба баланд бардоштани дақиқӣ, шаффофият ва самаранокии назорати оморӣ ва идоракунии маълумотҳои тиббӣ мусоидат менамояд.


