ONCO


Маълумот дар бораи муаллиф: 

Муродзода Акбар Исматулло, номзади илмҳои тиб. Телефон: +992909202074. hurshed852@mail.ru  
Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.улуғзода, ш. Душанбе, кучаи. Ф. Муҳамадиев 170/6.Телефон: +992304404040. www.daler.komilzoda@gmail.com

Аннотатсия: Мақола ба таҳлили нақши табибони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) бо истифода аз фалсафаҳои ахлоқӣ, ба вижа фалсафаи деонтологӣ, амалӣ, ва экзистенсиалӣ, меравад. Дар ин мақола, назар ба рисолати касбии табибон ва масъулиятҳои инсонгароӣ, ки дар шароити ҷанг амал мекарданд, ба назар гирифта мешавад. Табибон на танҳо вазифаи тиббиро иҷро мекарданд, балки вазифаи ахлоқӣ ва рисолати инсонӣ доштанд, ки ба наҷоти ҳаёти инсон ва ҳифзи арзишҳои ҳаёти инсонӣ кӯмак мекарданд. Мақола бо истифода аз фалсафаи деонтологӣ, таъкид мекунад, ки табибон дар ҳар шароити ҷангӣ вазифаи муқаддас ва рисолати тиббиро иҷро мекарданд. Аз нуқтаи назарии фалсафаи амалӣ, кӯшиши табибон барои наҷоти ҳаёти ҳар як инсон бо манфиатҳои умумиҷамъиятӣ ва фоида овардани ба ҷомеа рабт дорад. Аз ҷиҳати фалсафаи экзистенсиалӣ, табибон дар шароити вазнин қарор гирифта, бо интихоби озоди худ ба кӯмакрасонӣ идома медоданд, ва эътибори инсонгароӣ ва садоқат ба ҳаётро нишон доданд. Нақши табибони тоҷик дар муҳити ҷанг ва ақибгоҳ дар нигоҳ доштани қобилияти ҷангии сарбозон ва ҳифзи ҳаёти онҳо аҳамияти бузург дошт.

Калидвожаҳо: Табибони тоҷик, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Фалсафаи деонтологӣ, Фалсафаи амалӣ, Фалсафаи экзистенсиалӣ, Инсонгароӣ, Ҳифзи ҳаёт, Рисолати касбӣ, Ахлоқи тиббӣ, Масъулият, Қаҳрамонӣ.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз ҳодисаҳои фоҷиабортарини таърихи инсоният мебошад, ки ба ҳаёти миллионҳо нафар таъсир расонида буд. Дар ин ҷанг табибон ва кормандони тиб низ саҳми бузург гузоштаанд. Табибони тоҷик низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи халқи шӯравӣ, дар ҷабҳа ва ақибгоҳ фаъолона ширкат варзида, ба захмиён кӯмак расонида буданд ва дар нигоҳ доштани қобилияти ҷангии сарбозон нақши муҳим бозиданд. Дар ин мақола кӯшиш мекунем, ки нақши табибони тоҷикро аз диди фалсафии инсонгароӣ, вазифашиносӣ ва рисолати касбӣ таҳлил намоем. Аз нигоҳи фалсафаи ахлоқ ва масъулият, фаъолияти табибони тоҷик на танҳо амали тиббӣ, балки зуҳури рисолати инсонӣ, ҳамраъйӣ ва садоқати бепоён ба ҳаёт буд.

Табибон ҳангоми ҷанг бо воқеияти даҳшатбори он рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо на танҳо захмҳоро табобат мекарданд, балки бо меҳру муҳаббат ба ҳар як маҷрӯҳ муносибат намуда, арзишҳои инсонгароиро дар сахттарин лаҳзаҳо низ ҳифз мекарданд. Аз нигоҳи фалсафӣ, ин фаъолияти онҳо ҳамчун намунаи ахлоқи тиббӣ ва масъулияти инсонӣ баррасӣ мешавад. Онҳо бо амалҳои худ тавозуни байни илм ва ахлоқро таъмин намуда, нишон доданд, ки табибӣ танҳо як касб нест, балки рисолати муқаддас аст.

Фалсафаи вазифашиносӣ ва қаҳрамонӣ дар шароити ҷанг аз як тараф бо масъулияти ахлоқии табибон ва аз тарафи дигар бо иродаи озоди онҳо барои кӯмак ба дигарон марбут мебошад. Аз нигоҳи фалсафаи деонтологӣ, табибон дар вазъияти ҷангӣ рисолати муқаддаси худро иҷро мекарданд, ки новобаста ба хатарҳо, кӯмак ба маҷрӯҳонро талаб мекард. Дар ҳамин ҳол, фалсафаи амалгароӣ таъкид мекунад, ки амалҳои онҳо бояд ба ҳадди аксар расонидани фоидаи умумӣ равона мешуд. Ҳамин тавр, ҳар як табиби тоҷик дар ин давра ба наҷоти ҳаёт ҳамчун арзиши олӣ содиқ монд.

Аз диди экзистенсиализм, табибон дар ҷанг бо қарорҳои вазнин рӯ ба рӯ мешуданд ва бо интихоби озоди худ кӯмакрасониро идома медоданд. Интихоби онҳо баёнгари садоқат ба ҳаёт ва иродаи инсонгароёна буд. Қаҳрамонии табибони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ифодаи волои инсондӯстӣ, вазифашиносӣ ва иродаи озоди инсон буд.

Дар муҳити ҷангӣ табибон на танҳо табобати захмиёнро анҷом медоданд, балки аксаран дар хатти пеш қарор дошта, ҳаёти худро зери хатар мегузоштанд. Аз назари фалсафаи амалгароӣ, онҳо барои ҳифзи арзиши олитарини инсон — ҳаёт, талош мекарданд ва ҳамин тавр, рисолати касбии худро дар сатҳи олӣ иҷро менамуданд. Аз нигоҳи фалсафаи экзистенсиалӣ, табибон дар вазъиятҳои номусоид қарор гирифта, бо интихоби шуурона ва масъулиятноки худ арзиши ҳаётро мустаҳкам менамуданд.

Аз нигоҳи фалсафа, кӯмакрасонии табибони тоҷик дар муҳити ҷанг на танҳо як амали касбӣ, балки як зуҳуроти ахлоқи олӣ ва инсондӯстӣ буд. Фалсафаи гуманизм дар ин замина таъкид мекунад, ки инсон ҳамчун арзиши олӣ бояд дар маркази ҳар як амал қарор бигирад, ва табибон дар сахттарин шароитҳо ҳам арзиши муқаддаси ҳифзи ҳаётро риоя мекарданд.

Аз диди фалсафаи деонтологӣ, табибон вазифадор буданд, ки новобаста аз шароит, рисолати худ – нигоҳ доштани ҳаёти инсонро иҷро намоянд. Дар ҳамин ҳол, утилитаризм бар он ишора мекунад, ки кӯшиши табибон ба ҳифзи ҳаёти шумораи зиёди сарбозон мусоидат намуда, ба манфиати ҷомеаи васеъ хизмат мекард. Дар зимн, табибон на танҳо бо малакаҳои тиббии худ, балки бо иродаи ахлоқии худ низ фаъолият менамуданд.

Аз назари фалсафаи экзистенсиалӣ, табибони тоҷик дар шароити ҷанг бо интихоби озоди худ роҳи кӯмакрасониро интихоб карда, бо садоқати ботинӣ ва шуурона масъулияти инсонии худро ба зимма гирифтанд. Дар натиҷа, кӯмакрасонии онҳо на танҳо як амали тиббӣ, балки як ҷузъи бунёдии фалсафаи инсонгароӣ ва ҳамраъйӣ гардид.

Ҷанг ҳамчун падидаи таърихиву иҷтимоӣ, ҳамеша муносибати инсониро ба зиндагӣ, марг, ахлоқ ва маърифати мавҷудият ба озмоиш мегирад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо сангарҳои шикасти аскарӣ, балки майдони ҷанги маънавӣ буд, ки дар он арзишҳои инсониву ахлоқӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Дар чунин фазои нобасомон, табибон ҳамчун гӯяндагони сукути ҳаёт, дар муқобили ваҳшонияти марг устувор истоданд. Махсусан табибони тоҷик, ки аз як кишвари навтаъсис ва ҳанӯз дар оғози рушди низоми тиббӣ буданд, бо ҷасорати маънавӣ, иродаи миллӣ ва рисолати инсонгароёна хидмат карданд. Таҳқиқи ин саҳми бузург на танҳо ҷиҳати таърихӣ муҳим аст, балки барои фаҳми амиқи фалсафаи масъулият ва арзишҳои инсонӣ дар шароити фоҷиавӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Тоҷикистон дар оғози солҳои 1940-ум танҳо 700 табиб корманди миёнаи тиб фаъолият доштанд. Бо оғози ҷанг зиёда аз 1,000 нафар табиб ва ҳамшира ба фронт ва госпиталҳои ҳарбӣ фиристода шуданд. Ба ҷои онҳо, донишҷӯёни курси якум ва дуюм ба курсҳои фаврии омодагии тиббӣ ҷалб гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, 15 госпитали ҳарбӣ дар худи ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд, ки дар онҳо на танҳо мутахассисон аз дигар ҷумҳуриҳо, балки табибони тоҷик низ хизмат мекарданд. Шароити моддӣ бисёр душвор буд, аммо ирода ва эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ ин муҳосироти камбудиро ҷуброн мекард.

Аз нигоҳи ахлоқ, табибон дар шароити ҷанг намунаи амалигардонии ахлоқи деонтологӣ, яъне иҷрои вазифа на аз рӯи натиҷа, балки аз рӯи ҷавобгарии ботинӣ мебошанд.

Жан-Пол Сартр ва экзистенсиалистҳо табибро ҳамчун инсоне мебинанд, ки дар ҷаҳони саршор аз маъюсӣ ва беадолатӣ, бо амали худ маъноро барқарор мекунад. Табиб, ҳангоми кумак ба як сарбози маҷрӯҳ, бо вуҷуди дарк кардани беасосии ҷанг, ба инсоният хизмат мекунад. Ин амалинтихоби маънӣ дар миёни абсурд аст.

Табиб будан дар ҷанг ин шоҳиди зиндаи имкони ниҳоии инсонӣ будан аст: инсон метавонад наҷот бахшад, ҳатто вақте ки ҳама чиз сӯхтааст.

Тутихон Аслонова, нахустин духтурзани тоҷик, ки дар шароити фронт ва госпиталҳои ҷангӣ фаъол буд. Ӯ рамзи табиби маънавӣ, рамзи муҷоҳидати зан дар фазои анъанавии мардсолор ва рамзи субот дар ғавғои беамонӣ буд.

Абдукарим Фозилов, ҷарроҳи машҳур ва табиби низомӣ, ки бо фидокорӣ на танҳо ҷароҳатҳоро шифо медод, балки рӯҳия мебахшид. Ӯ ҳамчун «устоди маънавии ёрии аввал» номбар мешавад.

Сайрам Маҳкамова, пешоҳанги тибби кӯдакона дар Тоҷикистон, ки дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ ва госпиталҳои ҳарбӣ фаъол буд. Шафқати ӯ бо меҳри модарона, кӯдаконро дар миёни тирандозӣ ва таркишҳо бо меҳру умед нигоҳ медошт.

Табиб дар ҷанг на танҳо ҷони сарбозро наҷот медиҳад, балки ҳамбастагии маънавӣ ваустувории иҷтимоиро барқарор мекунад. Яъне табиб, ба истилоҳи Иммануил Левинас, «ҳузури масъулият дар рӯ ба рӯи дигаре» мебошад.

Ҷомеаи ҷангзада, ки дар хатар аст маънии зиндагиро аз даст диҳад, тавассути амалҳои инсонпарваронаи табибон, эҳёи маънавӣ меёбад. Аз ин рӯ, онҳо қаҳрамонҳои хомӯшанд, ки на дар саҳифаи ҷанг, балки дар сафҳаи маърифат ва ахлоқ ҷой гирифтаанд.

Саҳми табибони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо як саҳифаи таърихӣ нест он намунаи фалсафии муқовимат бо нестӣ, арзишофарии ахлоқӣ, ва муқаддасоти инсонгароёна дар шароити даҳшат аст. Ин саҳми ахлоқиро бояд на танҳо бо ёдбуд, балки бо таҳқиқи фалсафӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ зинда нигоҳ дошт.

Нақши табибони тоҷик на танҳо дар муҳити ҷанг, балки дар ақибгоҳ низ муҳим буд. Онҳо дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббии ҳарбӣ захмиёнро нигоҳубин карда, дар барқарорсозии қобилияти ҷангии сарбозон саҳм мегузоштанд. Ин амал бо принсипҳои фалсафии ҳамраъйӣ ва кӯмак ба дигарон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ахлоқи гуманистӣ мебошанд, мутобиқат мекунад. Дар ин замина, таб ибон на танҳо аз рӯи дастурҳои тиббӣ амал мекарданд, балки бо иродаи озоди худ кӯмакрасонӣ ва ҳамдардиро арзишманд меҳисобиданд.

Ҳамин тариқ, фаъолияти табибони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо як амалкарди тиббӣ, балки як зуҳури баланди арзишҳои ахлоқӣ ва инсондӯстӣ мебошад. Онҳо дар вазъиятҳои шадид қарор дошта, дар миёни ҳаёт ва марг қарор мегирифтанд, вале ҳамеша ҷони инсонро авлотар аз ҳама медонистанд. Аз рӯи фалсафаи деонтологӣ, ин масъулияти касбии онҳо буд, ки на бо мақсадҳои шахсӣ, балки бо ҳадафи ҳифзи арзиши ҳаёт сурат мегирифт. Аз назари фалсафаи утилитаризм, кӯшишҳои онҳо ба наҷоти шумораи зиёди одамон мусоидат карда, аҳамияти умумиҷамъиятӣ доштанд. Дар асоси таҳлили экзистенсиалӣ бошад, табибон бо интихоби озоди худ ба кӯмакрасонӣ идома дода, садоқат ва иродаи ботинии худро собит карданд.

Омӯзиши таҷрибаи онҳо метавонад барои наслҳои оянда ҳамчун намунаи олии ахлоқ ва садоқат хизмат кунад. Ғайр аз ин, таҷрибаи табибони ҷанг нишон медиҳад, ки инсонгароӣ ва ҳамраъйӣ дар лаҳзаҳои вазнин на танҳо муҳим, балки ногузир мебошанд, ки ба ташаккули маънавии ҷомеа мусоидат мекунанд. Ин рисолати онҳо на танҳо дар доираи як давраи таърихӣ боқӣ мемонад, балки ҳамчун як падидаи умумиинсонӣ арзёбӣ мешавад, ки метавон онро ба таҳаввулоти ахлоқии инсон ва ҷомеа пайваст намуд. дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо ҳамчун мутахассисони тиб, балки ҳамчун шахсони содиқ ба арзишҳои ахлоқӣ, инсонгароӣ ва рисолати касбӣ нақши арзанда бозиданд. Аз дидгоҳи фалсафӣ, фаъолияти онҳо на танҳо намунаи вазифашиносӣ, балки ифодаи олии қаҳрамонӣ ва инсонгароӣ мебошад. Омӯзиши таҷрибаи онҳо метавонад барои наслҳои оянда ҳамчун ибрат хизмат кунад, то моҳияти рисолати тиббӣ ва арзишҳои ахлоқии онро дарк намоем. Ғайр аз ин, таҷрибаи табибони ҷанг нишон медиҳад, ки инсонгароӣ ва ҳамраъйӣ дар лаҳзаҳои вазнин на танҳо муҳим, балки ногузир мебошанд, ки ба ташаккули маънавии ҷомеа мусоидат мекунанд.

НОМГУЙИ АДАБИЁТ:

1. Раҳимов М. Тандурустӣ дар солҳои ҷанг. Душанбе, 1985.

2. Jean-Paul Sartre. Existentialism Is a Humanism. 1946.

3. Эммануэл Левинас. Totality and Infinity: An Essay on Exteriority. 1961.

4. Алберт Камю. The Myth of Sisyphus. 1942.

5. Архиви Вазорати тандурустии ҶТ (1941–1945).

6. Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», №4, Душанбе, 2010.

7. Ахмедов Ш. Маърифат ва ҷанги инсон бо фаношавӣ. Душанбе, 2002.

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Сино, дар ташкилоти ибтидоии “Саратоншинос” ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо ҲХДТ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба ифтихори 30-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиши мазкур, аз ҷумла Ҳабибзода Зоҳир Иззат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, ва Муродзода Акбар Исматулло, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва профессор Сангинов Ҷ.Р., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки соли 1993 бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ғояи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Бо қарорҳои Анҷумани муассисон, рӯзи 10 декабри соли 1994 расман Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт ва Оиннома ва Барномаи он тасдиқ шуданд. Аз он замон инҷониб, 10 декабр ҳамчун рӯзи таъсисёбии ҳизб ҳамасола таҷлил мегардад.

Дар ҷараёни ҳамоиш қайд гардид, ки дар тӯли 30 соли фаъолияташ ҲХДТ ба созандагӣ ва бунёдкорӣ бахшида шуда, дар таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда гузоштааст.

Директори марказ Муродзода А.И., кормандонро ба ин санаи муҳим табрику муборакбод намуда, зикр доштанд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбуб дар фазои сулҳу суботи комил ҷашнҳои миллию давлатии хешро баргузор намоянд ва ба забони аҷдодии хеш арҷ гузошта аз он ифтихор намоянд. Дар идомаи суханронӣ роҳбарияти марказ атрофи таърихи забони тоҷикӣ, ки аз гирудорҳои таърихӣ гузашта то ба имрӯз омада расидааст ва бевосита пойдевори мустаҳками Истиқлоли давлатӣ мебошад, ибрози ақида намуданд.