ONCO


7 апрели соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», инчунин намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – полковники хизмати дохила Абдуллозода Б.Қ., як вохӯрии муҳим баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои муҳими вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки ин зуҳурот ба амният ва суботи ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд.

Қайд карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии таъсири идеологияҳои ифротӣ мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ зарурати тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ таъкид гардид.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми худро гузорад.

Бо мақсади иҷрои талаботи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, санаи 2 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани адлия Нуридинзода Комрон Қутбиддин иштирок намуда, бо кормандони Марказ (табибон, кормандони миёнаи тиб, хазинадорон), инчунин кормандони кафедраҳои МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва МДТ ДТБКСТ ҶТ мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ маърӯзаи пурмуҳтаво оид ба масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия пешниҳод гардида, иштирокчиён дар фазои озод табодули афкор намуданд. Ҳамзамон, пас аз анҷоми маърӯза ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода шуданд.

Дар рафти чорабинӣ масъулини мақомот ба иштирокчиён дар бораи моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маълумот дода, инчунин роҳҳои пешгирии коррупсия, тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ марбут ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, инчунин масъалаҳои муҳими дигар, аз қабили анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва таълиму тарбияи наврасону кӯдаконро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки роҳбарият ва кормандони Марказ дар баробари фаъолияти касбӣ ба масъалаҳои пешгирии коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро роҳандозӣ менамоянд. Ин масъала таҳти назорати доимии роҳбарияти муассиса қарор дошта, дар ҳамаи маҷлисҳо ва ҳамоишҳои хизматӣ пайваста баррасӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Дар анҷом таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо дар оянда низ ба таври мунтазам баргузор гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.