ONCO


Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ (МҶИС) системаи PACS ҷорӣ гардид.

Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ (МҶИС) системаи PACS ҷорӣ гардид.
Соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ (МҶИС) бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи муосири PACS (Picture Archiving and Communication System – Система барои бойгонӣ ва интиқоли тасвирҳои тиббӣ) ҷорӣ карда шуд. Ин иқдом қадами муҳиме дар роҳи рақамисозии соҳаи тандурустии кишвар ва баланд бардоштани сифати ёрии тиббии онкологӣ ба ҳисоб меравад.
PACS чист?
PACS – платформаи рақамиест, ки имкон медиҳад тасвирҳои тиббӣ (КТ, МРТ, рентген, УЗИ ва ғайра) бе истифодаи воситаҳои плёнка нигоҳдорӣ, коркард, интиқол ва тамошо карда шаванд. Система интиқоли зудтари маълумотро байни шуъбаҳо таъмин намуда, бо дигар системаҳои иттилоотии тиббӣ (HIS, RIS) ҳамгиро мешавад ва меъёрҳои байналмилалии DICOM-ро риоя мекунад.
Чӣ гуна PACS ба беморон кумак мекунад?
• Диагностикаи зуд: табибон натиҷаҳои ташхисро фавран баъди гузаронидани он мегиранд, ки ин вақти муайянкунии ташхисро кӯтоҳ мекунад.
• Беҳтаршавии сифати муолиҷа: тасвирҳои дорои сифати баланд ба табибон имконият медиҳанд табобатро дақиқтар тарҳрезӣ кунанд, самаранокии онро назорат кунанд ва гурӯҳҳои муштаракро барои маслиҳат ҷалб намоянд.
• Телемедицина: система имкони машваратҳои фосилавиро на танҳо дар дохили марказ, балки бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои дурдаст фароҳам меорад. Ин ба беморони минтақавӣ имконият медиҳад, ки бе омадан ба Душанбе, аз табибони маркази МҶИО машварати мутахассисон гиранд.
• Нигоҳдории таърихи беморӣ: ҳамаи маълумоти бемор дар бойгонии электронӣ ҳифз мегардад, ки ин имкон медиҳад динамикаи беморӣ таҳлил шавад ва тактикаи муолиҷа ислоҳ гардад.
• Сарфаи вақт ва маблағ: беморон ҷавобҳоро зудтар мегиранд, шумораи ташхисҳои такрорӣ ва боздидҳо кам мегардад.
Аҳамияти он барои соҳаи тандурустии Тоҷикистон
Ҷорӣ намудани системаи PACS дар МҶИО ҳамчун лоиҳаи пилотӣ намунаи қобили татбиқи тибби муосир мебошад ва стандарти нави сифати ёрии онкологиро дар кишвар муайян менамояд. Ин система самаранокии кори табибонро баланд мебардорад, фишорро болои кормандон кам мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки ба чизи асосӣ — нигоҳубини беморон — диққати бештар диҳанд.
Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ минбаъд низ рушди технологияҳои рақамӣ ва татбиқи ҳалли пешрафтаро идома медиҳад, ки барои беҳтарсозии ташхис ва табобати саратон равона шудаанд ва онҳоро барои ҳамаи сокинони Тоҷикистон дастрас мегардонанд.