ONCO


МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИИ САРАТОНШИНОСӢ НАВРӮЗИ АҶАМРО ТАНТАНАВОР ИСТИҚБОЛ ГИРИФТ

Субҳи 20-уми марти соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ фазои идона ҳукмфармо буд – ҳайати марказ Наврӯзи аҷдодиро бо шукуҳ ва шаҳомат истиқбол намуданд. Ороиши дасторхони наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ, либосҳои анъанавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ин ҷашн шукӯҳи хос зам намуд.


Директори марказ, Муродзода А.И., ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, зикр карданд, ки бо ташаббуси Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни миллӣ мақоми байналмилалиро касб кардааст, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Гарчанде ки дар мавриди таърихи таҷлили Наврӯз миёни муҳаққиқон андешаҳои гуногун вуҷуд доранд, мафҳуми асосии он – “Наврӯз” – решаҳои амиқи тоҷикӣ дорад.

Роҳбарият инчунин шукргузорӣ аз амну суботи кишварро муҳим арзёбӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки анъанаҳои ниёгонро гиромӣ дошта, онҳоро ҳифз намоянд. Барномаи идонаро қироати шеърҳо, намоиши дасторхони миллӣ, либосҳои анъанавӣ ва сурудхонии кормандони марказ зеботар ва пуршукӯҳтар гардонд.