Баргузории ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо ҲХДТ” дар ташкилоти ибтидоии “Саратоншинос”
Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Сино, дар ташкилоти ибтидоии “Саратоншинос” ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо ҲХДТ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба ифтихори 30-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиши мазкур, аз ҷумла Ҳабибзода Зоҳир Иззат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, ва Муродзода Акбар Исматулло, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва профессор Сангинов Ҷ.Р., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки соли 1993 бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ғояи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Бо қарорҳои Анҷумани муассисон, рӯзи 10 декабри соли 1994 расман Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт ва Оиннома ва Барномаи он тасдиқ шуданд. Аз он замон инҷониб, 10 декабр ҳамчун рӯзи таъсисёбии ҳизб ҳамасола таҷлил мегардад.
Дар ҷараёни ҳамоиш қайд гардид, ки дар тӯли 30 соли фаъолияташ ҲХДТ ба созандагӣ ва бунёдкорӣ бахшида шуда, дар таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда гузоштааст.







