ONCO


Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад. Имрӯз дар маҷлиси пагоҳирӯзӣ, бахшида ба 30-солагии Рӯзи Конститутсия, чорабинии махсус баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур суханронҳо дар бораи нақши Конститутсия дар таҳкими асосҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини суботи ҷомеа изҳори назар карданд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Конститутсияро барҳақ бахтномаи миллат меноманд, зеро он ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, риояву эҳтироми муқаррароти он замонати саодату сарбаландии миллат аст