ДАР “МҶИС” МАҶЛИСИ ПАГОҲИРУЗӢ ҶАМЪОМАД БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Директори марказ Муродзода А.И., кормандонро ба ин санаи муҳим табрику муборакбод намуда, зикр доштанд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбуб дар фазои сулҳу суботи комил ҷашнҳои миллию давлатии хешро баргузор намоянд ва ба забони аҷдодии хеш арҷ гузошта аз он ифтихор намоянд. Дар идомаи суханронӣ роҳбарияти марказ атрофи таърихи забони тоҷикӣ, ки аз гирудорҳои таърихӣ гузашта то ба имрӯз омада расидааст ва бевосита пойдевори мустаҳками Истиқлоли давлатӣ мебошад, ибрози ақида намуданд.

