Шӯъбаи ташхиси рентгенӣ ва эндоскопия
Дар шӯъба тадқиқоти анъанавии рентгении узвҳои қафаси сина, узвҳои ҳозима, устухонҳои скелет, инчунин усулҳои махсуси тадқиқот бо контрасткунии узвҳои системаи пешоб, фистулография, сиалография, метросалпингография, тадқиқоти ТК барои ташхиси барвақтии саратон дар рӯдаи ғафс бо ворид кардани оби дистиллятшуда гузаронида мешаванд. Таҳти назорати УЗИ биопсияи пунксионии узвҳои ковокии шикам ва қафаси сина, тадқиқоти сина – маммография, топометрияи омосҳои бадсифат барои гузаронидани табобати нурӣ гузаронида мешаванд.
Кормандони шӯъба кори машваратӣ оид ба томографияи компютерӣ ва магнитӣ-резонансӣ мегузаронанд. Самти асосии илмӣ – такмили усулҳои ташхиси нурӣ ва ултрасадоӣ барои арзёбии паҳншавии омосҳои бадсифат, гузаронидани назорати динамикӣ барои беморон бо арзёбии самаранокии табобат мебошад.
Ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон Ҷамолиддин Абдулло Абдуллозода
Муродзода Акбар Исматулло Директор д.м.н.
Министерство здравоохраненияи социальной защиты населенияРеспублики Таджикистан