ONCO


Шӯъбаи ташхиси морфологии омосҳои одам

А. Дар бораи шӯъба:

Шуъбаи ташхиси морфологии омосҳои одами МД “МҶИС” ВТ ХИА ҶТ яке аз воҳидхои пешқадам ва собиқадори ҷумҳурӣ буда, махсус дар ташхиси морфологии омосҳои одам фаъолият мебарад. Таҷрибаи чандинсола, дастаи баланди касбӣ ва технологияҳои муосири лабораторӣ ба мо имкон медиҳанд, ки бемориҳоро мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ дақиқ ва сифатнок ташхис намоем.

Б. Самтҳои асосии фаъолияти шӯъба:

  1. Маводҳои биопсия ва баъдиҷарроҳии беморони гирифтори саратони узвҳои гуногун дар шӯъбаи ташхиси морфологии омосҳои одам ташхис карда мешаванд;
  2. Мутахассисони шӯъба барои азназаргузаронидани микропрепаратхо аз тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ корҳои зиёдеро анҷом дода истодаанд;
  3. Тадқиқоти фаврии гистологӣ ва ситологӣ дар дохили ҷарроҳӣ имкон медиҳад, ки ба табибон зуд стратегияи табобатро барои бемор интихоб намоянд;
  4. Соли 2023 дар назди шӯъба лабораторияи иммуногистокимиёвии DB BIOTECH кушода шуд, ки дар он ташхиси дақиқи омосҳо ва бемориҳои пеш аз омосии узвҳои гуногун гузаронида мешаванд.
  5. Шуъба инчунин миелограммаи мағзи устухонро анҷом медиҳад.
  6. Дар асоси шӯъба барои муассисахои тиббии тамоми ҷумҳурӣ морфологҳои клиникӣ ва лаборантҳо тайёр карда мешаванд.