ONCO


Шӯъбаи онкопроктоурология

Шӯъба дорои 25 кат мебошад. Дар шӯъба амалиёти мураккаби ҷарроҳии комбинатсионӣ (резексияи пеши поёнӣ дар омосҳои рӯдаи рост ва ғайра), амалиёти ҳифзи узвҳо (ҳангоми саратони гурда) ва ёрии паллиативӣ гузаронида мешаванд.

Дар асоси шӯъба кормандони кафедраҳои саратоншиносии МДТ «ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино» ва МДТ «ДТБКСТ ҶТ» фаъолияти илмӣ ва машваратӣ доранд. Бо шарофати потенсиали илмии шӯъба, дар асоси он омӯзиши баъдидипломии табибони ихтисосҳои гуногун, ординаторони клиникӣ ва табибони интерн гузаронида мешавад.

Самти асосии илмии шӯъба ташхиси барвақт ва табобати саратони ғадуди простата дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбарони илмии шӯъба номзади илмҳои тиб Саидов Х.М. ва номзади илмҳои тиб Рахматов М.Т. мебошанд.

Дар шӯъба гузаронида мешаванд:

  • Систэктомия
  • Ҷарроҳии Бриккер
  • Резексияи пеши рӯдаи рост
  • Резексияи пеши поёнии рӯдаи рост
  • Ҷарроҳии Делор ва дигар ҷарроҳиҳои гуногун.