Лабораторияи ташхиси клиникӣ-биохимиявӣ
Дар лаборатория ҳамаи намудҳои тадқиқоти зарурии клиникӣ-лабораторӣ гузаронида мешаванд: таҳлили мукаммал ва биохимиявии хун, коагулограмма, таҳлили умумии пешоб, озмоиши Зимнитский, тадқиқоти наҷосат барои паразитҳо, пешоб барои сафедаҳои Бенс-Джонс (бемории миеломӣ), ЛДГ (меланома, лимфомаҳо).
Лабораторияи бактериологӣ фаъолият мекунад. Дар тӯли 2 соли охир усулҳои иммуноферментии ошкор кардани нsA, АntiнcV, ВНМО дар хун, муайян кардани сатҳи нишондиҳандаҳои омос дар хун (Са-125, Са 19-9, Са 15-3, ХГЧ, РЭА, АФП), гормонҳо (ТТГ, Т4, Т3, прогестерон, фраксияҳои эстроген, тестостерон, ФСГ, ЛГ, пролактин) дар хун, ошкор кардани TОRCH-инфексия (уреаплазмоз, микоплазмоз, гонорея, трихомониаз, хламидиоз ва ғайра) дар хун ворид ва истифода мешаванд. Ҳамчунин ташхиси алфа-фетопротеин (АФП), назорати ҷараён ва самаранокии табобати саратони ҳуҷайравӣ‑ҷигарӣ ва омосҳои герминогенӣ, ташхиси нуқсонҳои инкишофи ҷанин гузаронида мешавад. Дар лаборатория муайян кардани СА-125 (антигени карбогидратии нишондиҳандаи омос) барои ташхиси барвақтӣ, назорати табобат ва ошкор кардани такрори саратон дар тухмдонҳо гузаронида мешавад. Барои ташхис, назорати ҷараён ва арзёбии самаранокии табобати саратони сина СА 15-3 (антигени карбогидратии нишондиҳандаи омос дар комбинатсия бо антигени саратони ҷанинӣ) муайян карда мешавад. Барои ташхис ва назорати табобати омосҳои колоректалӣ, саратони масона, ғадуди зери меъда муайян кардани СА 19-9 (антигени карбогидратии нишондиҳандаи омос) гузаронида мешавад. Барои ташхиси барвақтӣ ва назорати самаранокии табобати саратони ғадуди простата антигени махсуси простата муайян карда мешавад.
Антигени саратони ҷанинӣ барои ташхиси саратон дар меъда, рӯдаи ғафс ва рӯдаи рост, назорати самаранокии табобати беморони гирифтори омосҳои меъдаю рӯда, ошкор кардани саратон дар сина ва шуш муайян карда мешавад. Гонадотропини хорионии инсон (ХГЧ) барои ташхиси ҳомиладории физиологӣ ва патологӣ, ҳомиладории пуфакӣ, бемориҳои генетикӣ ва саратони ҷанин муайян карда мешавад.
Ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон Ҷамолиддин Абдулло Абдуллозода
Муродзода Акбар Исматулло Директор д.м.н.
Министерство здравоохраненияи социальной защиты населенияРеспублики Таджикистан