ONCO


Муродзода Акбар Исматулло
Директор д.м.н.


Самтҳои афзалиятноки соҳаи саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии ибтидоии бемориҳои саратон: гузаронидани корҳои санитарӣ-маърифатӣ дар байни аҳолӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи донишҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои саратоншиносӣ.

2. Ташкили ошкор кардани омосҳо дар марҳилаҳои аввали рушди онҳо – марҳилаҳои I ва II, “in situ”.

3. Масъалаҳои таҳия ва истеҳсоли доруҳои зидди омоси ватанӣ ва таъмини муассисаҳои саратоншиносӣ бо ҳаҷми зарурӣ ҳамеша муҳим боқӣ мемонанд.

4. Омодагӣ ва такмили ихтисоси табибони саратоншинос, радиологҳо, кормандони миёнаи тиббӣ ва муҳандисӣ-техникӣ, инчунин омӯзиши мутахассисони умумии муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ оид ба баланд бардоштани донишҳои саратоншиносӣ ва такмили корҳои пешгирикунандаи зинаҳои ибтидоии тандурустӣ.