Дар вилояти Суғд нахустин маротиба дастгоҳи брахитерапия барои табобати саратони гарданаки бачадон ба истифода дода шуд.
Ин иқдом бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо иқдоми Маркази илмии саратоншиносӣ амалӣ гардид.
То имрӯз беморон барои чунин табобат ба Душанбе ё хориҷ сафар мекарданд. Акнун имкон фароҳам шуд, ки дар Суғд бо хароҷоти кам ва сари вақт табобат гиранд.
Дар солҳои охир бо дастгирии лоиҳаҳои байналмилалӣ марказҳои саратоншиносӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб низ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла томограф, мамограф ва дастгоҳҳои рентгенӣ таъмин гардиданд.
Дар оянда ҳам барномаҳои муштарак идома меёбанд ва омӯзиши мутахассисон низ ба нақша гирифта шудааст, ки ба баланд шудани сатҳи ташхису табобати бемориҳои саратонӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.


