ONCO


Баъд аз вохӯрӣ бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Ҷамол Абдулло, намояндагони ширкати австриявии AME International GmbH (AME) аз Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ боздид намуданд.

Зимни сафари корӣ онҳо бо директори марказ, Муродзода Акбар Исматулло, мулоқот баргузор карда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъмин намудани муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ баррасӣ карданд.

Ҳадафи асосии ширкат – мусоидат ба такмили имкониятҳои ташхису муолиҷаи бемориҳои саратонӣ ва боло бурдани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Директори марказ ба намояндагони ширкат ҷиҳати таваҷҷуҳ ва омодагии онҳо ба густариши ҳамкориҳо изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва беҳбуд бахшидани дастрасии беморон ба усулҳои муосири табобат аҳамияти хоса доранд.