Дар арафаи таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ҷаласаи расмии табрикотӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо суханронии табрикотии директори марказ, Муродзода Акбар Исматулло оғоз ёфт. Директори марказ ҳамаи кормандонро бо Рӯзи Истиқлол табрик намуда, зикр карданд, ки ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯст рамзи сарбаландӣ, озодӣ ва рушду тараққиёт аст. Таъкид гардид, ки маҳз дар партави истиқлолият соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла саратоншиносӣ, рушду тавсеаи бесобиқа ёфт.
Зикр гардид, ки нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолият, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар беназир буда, ҳар як мутахассис ва шаҳрванд бояд ин неъмати бебаҳоро пос дорад ва дар ободии Ватан саҳмгузор бошад.
Дар идомаи суханронӣ, роҳбарият ёдовар шуд, ки Истиқлолият ба миллати тоҷик имконият дод, то соҳибдавлатӣ, соҳибфарҳангӣ ва соҳибтақдири худро дар арсаи ҷаҳонӣ собит намояд. Имрӯз, бо шарофати истиқлол ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти давлат, соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, бахусус тиб, дар самти хизматрасонии муосир ва боэътимод ба мардум, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти марказ ва дастгирии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳабибзода З.И — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар чорабинӣ иштирок карда, як қатор кормандони фаъол, аз ҷумла табибон ва кормандони миёнаи тиб, барои хизмати софдилона ва саҳми арзандаашон дар беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ бо Ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ гардиданд.


